ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Комил ал-Абдулҷалил мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, баргузории барномаҳои муштарак бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддуни кишварҳои ҳамдигар ва табодули сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба зарурати беш аз пеш тақвият ва густариш додани ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Акс аз ВКХ ҶТ