Quantcast
Channel: Сиёсати хориҷӣ —АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 876

Тоҷикистон ва Қатар масъалаҳои омодагӣ ба иҷлоси навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматиро баррасӣ намуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар Давҳа муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Муовини якуми вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Султон ибни Рошид ал-Хотир дидор ва гуфтугӯ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба иҷлоси навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, ки қарор аст имсол дар пойтахти Қатар баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат баргузор гардид.

Акс аз ВКХ ҶТ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 876

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>