ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо 9 январ аз устони Шлезвиг-Ҳолштайни Олмони шимолӣ боздид намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот бо Вазири иқтисод, нақлиёт, шуғли аҳолӣ, фанноварӣ ва туризми ин устон Бернд Бухҳолтс роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устонҳои Олмони шимолӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Худи ҳамон рӯз дар Палатаи тиҷорат ва саноати шаҳрҳои Любек ва Киел муаррифии зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон доир гардид.
Бо дарназардошти қувваи барқи арзон, зарурати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мавҷудияти қувваи кории кофӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ ҷонибҳо роҷеъ ба имкони ҷалби дастовардҳои фаннии ширкатҳои олмонӣ ба равандҳои саноатикунонӣ, имкони истифодаи зерсохторҳои мавҷуда ва такмили ихтисос мубодилаи афкор намуданд.
Акс аз ВКХ ҶТ