ДУШАНБЕ, 06.12.2019/АМИТ «Ховар/. 2-3 декабр дар Теҳрон ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро Вазири нерӯи ин кишвар Ризо Ардакониён роҳбарӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, обу энергетика, телевизион ва радио, ҳамлу нақл ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷом тарафҳо Протоколи ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро ба имзо расониданд, ки он тавофуқҳои ба даст омада зимни ҷаласаро инъикос мекунад.
Дар доираи кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ мулоқотҳои Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён ва роҳбарони як қатор ширкатҳои соҳаи обу барқи Эрон баргузор гардиданд, ки зимни онҳо зарфиятҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мазкур баррасӣ шуданд.