Quantcast
Channel: Сиёсати хориҷӣ —АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 876

Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт

$
0
0

ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  11 ноябр дар ал-Кувайт мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо дар он мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла густариш ва тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду давлатро баррасӣ намуданд.

Мусоҳибон бо ишора ба сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Давлати Кувайт, ки моҳи декабри соли 2015 сурат гирифта буд ва фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин бар зарурати табодули сафарҳои байнипарлумонӣ ҷиҳати табодули таҷриба, таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Акс аз Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт


Viewing all articles
Browse latest Browse all 876

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>