Quantcast
Channel: Сиёсати хориҷӣ —АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 876

Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома супорид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 01.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31-уми марти соли 2019 дар шаҳри Масқат маросими супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати  Умон Зубайдуллоҳ Зубайдзода ба Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон ҷаноби Юсуф бин Алавӣ бин Абдуллоҳ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома Сафир бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба робитаҳои ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Умон ва роҳҳои густариши онҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 876

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>