Quantcast
Channel: Сиёсати хориҷӣ —АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 876

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳо барои ҳалли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ 3 сентябри соли 2017  дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҳамақида мебошад ва изҳор менамояд, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамоянд.

«Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад ва даъват ба амал меорад, ки Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии  Корея меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд»,- гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 876

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>