ДУШАНБЕ, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 25 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ байни Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар машваратҳо масъалаҳои консулӣ, ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба мушкилиҳои шаҳрвандон, инчунин мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуданд.
Бояд зикр намуд, ки соли гузашта чунин машваратҳои консулӣ дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия баргузор гардида буданд.